DOLAR
EURO
ALTIN
BIST
Adana Adıyaman Afyon Ağrı Aksaray Amasya Ankara Antalya Ardahan Artvin Aydın Balıkesir Bartın Batman Bayburt Bilecik Bingöl Bitlis Bolu Burdur Bursa Çanakkale Çankırı Çorum Denizli Diyarbakır Düzce Edirne Elazığ Erzincan Erzurum Eskişehir Gaziantep Giresun Gümüşhane Hakkari Hatay Iğdır Isparta İstanbul İzmir K.Maraş Karabük Karaman Kars Kastamonu Kayseri Kırıkkale Kırklareli Kırşehir Kilis Kocaeli Konya Kütahya Malatya Manisa Mardin Mersin Muğla Muş Nevşehir Niğde Ordu Osmaniye Rize Sakarya Samsun Siirt Sinop Sivas Şanlıurfa Şırnak Tekirdağ Tokat Trabzon Tunceli Uşak Van Yalova Yozgat Zonguldak
İstanbul °C

Иштирок дар маъракаи ниҳолшинонӣ ва бунёди боғи нав дар шаҳри Душанбе

Иштирок дар маъракаи ниҳолшинонӣ ва бунёди боғи нав дар шаҳри Душанбе
REKLAM ALANI
24.02.2023
A+
A-

 

 

 

Иштирок дар маъракаи ниҳолшинонӣ ва бунёди боғи нав дар шаҳри Душанбе
24.02.2023 , шаҳри Душанбе

24 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе дар арафаи бедоршавии табиат чун анъанаи наку бо шинонидани ниҳолҳои нодири сояафкани ороишӣ ва ҳамешасабз ба маъракаи ниҳолшинонӣ, оғози корҳои мавсими баҳорӣ, вусъати тадбирҳои ободонию кабудизоркунӣ ва сабзу хуррамгардонии муҳити атроф ҳусни оғоз бахшиданд.

Бояд гуфт, ки шуруъ аз рӯзҳои аввали фасли баҳор бо дастури Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири беҳдошти ҳифзи табиат ва ободонии ҳар як гӯшаву канори ҷумҳурӣ маъракаи умумии ниҳолшинонӣ ташкил карда мешавад.

Ин навбат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар боғи нав дарахтони ороишии ҳамешасабзи магнолия ва секвоя шинониданд.

Масоҳати боғи нав 10 гектар ва дарахтоне, ки аз аврупо барои бунёди боғ ворид гардидааст, беш аз 11 ҳазор ададро ташкил медиҳад.

Дар боғи дарахтони нодиру ҳамешасабз 15 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Зимни суҳбат бо боғдорон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо барои дуруст ба роҳ мондани парвариши ниҳолҳо маслиҳатҳои муфид доданд.

Ниҳоли дарахтони дар боғи нав шинонидашуда асосан аз кишварҳои аврупо ворид карда шуда, ба минтақа мутобиқ мебошанд.

Барои мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ пешбурдани корҳо аз аврупо техникаи нави коркарди боғ ворид карда шудааст. Мутахассисони ботаҷриба бо истифода аз ин техника барои кандану интиқоли ниҳолҳо аз як ҷо ба ҷойи дигар корҳоро босифат анҷом медиҳанд.

Дар боғи нав Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вазъи нашъунамои дарахтони сояафкану ороишӣ, ки беш аз 30 намудро ташкил медиҳад, шинос шуданд.

Бояд гуфт, ки бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат ҳамаи ниҳолҳои дар ин ҷо парваришёфта барои ободонию зебогии кӯчаву хиёбон ва боғҳову гулгаштҳои шаҳри Душанбе истифода мегардад.

Зимни бунёди боғи нав Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва роҳбарони боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт ҷиҳати вусъати корҳои ободонӣ, созандагӣ ва беҳдошти ҳифзи муҳити зист супоришҳо доданд.

Дастур дода шуд, ки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои ташкили гулгашту хиёбонҳои нав, зебову назаррабо кардани боғҳои фарғангию фароғатӣ ва гулгашту хиёбонҳои пойтахт аз имкониятҳои боғи навбунёд, аз ҷумла дарахтони сершумори ороишӣ самаранок истифода баранд.

Дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз мағозаи фуруши гулҳои ороишии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Пайванд” боздид ба амал оварданд.

Мағозаи зебову барҳавои фурӯши гулу буттаҳои ороишӣ соли 2015 бо ҳидояти Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди корҳои ободонию кабудизоркунӣ аз ҷониби коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Пайванд бунёд шуд.

Ҳадаф аз ифтитоҳи мағоза фароҳам овардани шароит ба нафарони дорои завқи баланди зебоипарастӣ мебошад.

Мутахассисон дар баробари фуруши ниҳолҳо ва буттаҳои ороишӣ, инчунин имкон доранд ба шаҳрвандон барои парвариши ниҳолҳои ороишӣ маслиҳатҳои муфид диҳанд.

Имсол коргарони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Пайванд” бо бунёди иншооти иловагӣ масоҳат ва имкониятҳои онро васеъ карданд.

Дар мағоза 10 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мебошанд.

Дар ин ҷо намунаи зиёди ниҳолҳои сояафкану мевадиҳанда, дарахтони хонагӣ, гулу буттаҳои ороишӣ, асбобу зарфҳои гуногун барои парвариш ва нигоҳубини ниҳолҳо ба фурӯш гузошта шудааст.

Баъди шинонидани дарахт, шиносоӣ бо парвариши дарахтон ва боздид аз мағозаи фуруши гулу буттаҳои ороишӣ дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Пайванд” Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои суҳбат бо боғдорон дар бораи тадбирҳои созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, татбиқи барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ, бунёди боғҳои наву таҷдиди боғҳои кӯҳна, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, афзоиши содироти мева ба хориҷи кишвар ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ андешаронӣ карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои омодагӣ ба ҷашни байналмилалии Наврӯз, доир ба тезонидани корҳои ободонию бунёдкорӣ, истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилу баргузории маъракаҳои ниҳолшинонӣ, тозаю озода нигоҳ доштани муҳити атроф, ба масъулин дастуру ҳидоятҳо дода, онҳоро ба вусъати тадбирҳои созандагию ободонӣ ҳидоят намуданд.

facebooktwitter

kaynak:http://www.president.tj/node/30117?utm_source=dlvr.it&utm_medium=twitter

 

 

 

REKLAM ALANI
YORUMLAR

Henüz yorum yapılmamış. İlk yorumu yukarıdaki form aracılığıyla siz yapabilirsiniz.